Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Лигаи кишварҳои араб аз Маҳмуд Аббос


Раҳбари Лигаи кишварҳои араб, Амр Мӯсо, аз раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос даъват кард, тасмимашро, ки дар интихоботи оянда ширкат нахоҳад кард, мавриди бознигарӣ қарор диҳад. Хабаргузории давлатии Миср, МЕНА, мегӯяд, Мӯсо дар гуфтугӯи телефонӣ бо Аббос рӯзи панҷшанбе пуштибонияшро аз ӯ таъкид кард. Аббос гуфтааст, дар интихобготи навбатии моҳи январ ширкат нахоҳад кард, зеро аз набулди пешрафт дар раванди сулҳ бо Исроил дилсард шудааст. Вай ҳамчунин аз он ки ба гуфтааш, Иёлоти Муттаҳида ба далелҳои Исроил дар эҳёи раванди сулҳ "бартарӣ" медиҳад, ноумед гаштааст. Кохи сафед гуфтааст, Аббос барои Амрико "коршарики ҳақиқӣ" мебошад. Вокуниши расмии Исроил ба изҳороти Аббос маълум нашудааст.
XS
SM
MD
LG