Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташкушоии марзбонони ӯзбак дар посгоҳи Саразм


Мақомот мегӯянд, ки имрӯз як марзбони тоҷикистонӣ дар хати марзи Панҷакенту Ҷартеппаи Ӯзбакистон, мавсум ба посгоҳи Саразм бидуни огаҳӣ аз зарби гулӯла захмӣ шуд. Дар натиҷа марзбон Виктор Андрюнин аз пояш захмӣ шуда ба бемористон интиқол дода шуд. Марзбонони тоҷик мегӯянд, ки марзбонони ӯзбакистонӣ ба тарафи муқобили сарҳад 22 тир холӣ кардаанд. То ҳанӯз ҷониби Ӯзбакистон дар ин замина шарҳу тавзеҳе надодааст. Ин дуюмин ҳодисаи оташкушоии марзбонони Ӯзбакистон ба ҷониби сарҳадбонони тоҷик дар соли ҷорӣ будааст.
XS
SM
MD
LG