Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли барқ дар баъзе нуқоти Тоҷикистон қатъ шуд


Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки интиқоли барқро ба баъзе нуқоти кишвар қатъ мекунад. Рӯзи панҷшанбе чанд хабаргузории маҳалливу хориҷӣ аз қавли сухангӯи ин ниҳод Нозирҷон Ёдгорӣ навиштанд, ки сабаби ин дар нокофӣ будани ҳаҷми барқи воридотӣ ба кишвар будааст. Рӯзона дар Тоҷикистон 38 то 40 миллион киловатт-соат барқ истеҳсол мешавад ва ин миқдор барқ дар муқоиса бо ҳамин мӯҳлати соли гузашта бештар мебошад. Оқои Ёдгорӣ гуфт, ки феълан бо сабаби аз берун ворид нашудани нирӯи барқ ва ба хотири сарфа шудани захираҳои дохилӣ тасмим шуд, ки ба баъзе манотиқи кишвар интиқоли барқ муваққатан қатъ шавад. “Вале ин ба ҳеҷ сурат маънои ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқро надорад”- таъкид кардааст оқои Ёдгорӣ дар сӯҳбат бо Азия-Плюс.
“Барқи тоҷик” мегӯяд, ки кормандони ин ниҳод дар Тошканд бо ҳамкорони ӯзбакистониашон дар масъалаи транзити барқи туркманӣ ба хоки Тоҷикистон музокира мекунанд. Илова ба ин, музокираҳо барои харидории барқи ӯзбакистонӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон бар тибқи созишномаи байнидавлатии миёни ду кишвар идома дорад. Вай афзуд, ки ширкати “Барқи тоҷик” тоҷик талош дорад ҳама талошҳоро барои такрор нашудани вазъи бӯҳронии ҳамсони зимистони гузашта ба харҷ диҳад, ки яке аз сардтарин ва пурмушкилтарин мавсимҳо дар таҷрибаи мардуми Тоҷикистон дар муддати чандин соли охир будааст.
XS
SM
MD
LG