Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Қабули Сарқонун интихоби дуруст буд


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қабули Сарқонуни кишвар дар соли 1994-ро интихоби дуруст арзёбӣ кард.

Раисҷумҳур, ки дар арафаи 15–умин солгарди қабули Сарқонуни Тоҷикистон ва дар ҷамъи аъзои ҳукумат, порлумон ва зиёиён сӯҳбат мекард, гуфт, ин ҳуҷҷат рушди кишварро тайи 15 сол таъмин карда, ба ҳуқуқи инсон, дахлнопазирии шахсӣ ва озодиҳои сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии ӯ арҷ мегузорад.

Вай афзуд, «дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки дар ҷомиаи озод ва давлати демократӣ ҳар фард дар баробари ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ҳамчунин дар назди давлат ва ҷомеаи масъулу ӯҳдадор мебошад, зеро ҳуқуқу озодиҳоро наметавон бе ӯҳдадорӣ тасаввур кард. Ба ибораи дигар, озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад. Ва махсусан воқеаҳои талхе, ки мо аз сар гузаронидем».

Сарқонуни Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул шудааст ва ба он то ба ҳол ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Тағйиру иловаҳои аввалин сентябри соли 1999, баъд аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ва бо пешниҳоди собиқ мухолифин ворид шуданд, ки аз ҷумла бар пояи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи ташкил кардани ҳизби диниро ба даст оварданд. 22 июни соли 2003 65 тағйиру илова ба Сарқонун сурат гирифт, ки яке аз онҳо тамдид кардани мӯҳлати раёсатиҷумҳурӣ аз 5 ба 7 сол буд. Ҳамчунон бар пояи ин иловаҳо як фард имкон пайдо намуд ду бор паи ҳам президент интихоб шавад.

Эмомалии Раҳмон гуфт, ин тағйиру иловаҳо ба хотири таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон сурат гирифтанд ва заминаҳои роҳандозии барномаҳои стратежӣ - таъмини истиқлолияти энерживу озуқаворӣ, хуруҷ аз бунбасти мувосилотӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардумро фароҳам оварданд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, тарҳҳои энерживу мувосилотӣ дар кишвар иҷро мешаванд, аммо камранг ҳастанд ва ба даъвоҳои ҳукумат мувофиқат намекунанд. Онҳо мегӯянд, беш аз 10 сол ба ин сӯ дар фасли сармо мардум бебарқ аст ва сатҳи зиндагии мардум низ аз муҳоҷирати корӣ вобаста аст, на сиёсатҳои ҳукумат.

Ҷойгоҳи Сарқонун аз нигоҳи коршиносон

Шокирҷон Ҳакимов, ҷонишини раиси ҲСДТ, мегӯяд, иҷроиши Сарқонун дар Тоҷикистон қонунмандона набуда, аз иродаи шахсии мансабдорон вобаста аст
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, иҷроиши Сарқонун ва барномаҳои стратежии ҳукумат ҳеҷ гоҳ қонунмандона набуда, балки аз иродаи шахсии мансабдороне вобаста аст, ки худ масъули назорати қонунҳо ҳастанд. Вай афзуд, равандҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон аз рӯйи қавонини сиёсат ҷорӣ мешаванд, на волоияти қонун.

Ҷунайд Ибодов, коршинос дар умури ҳуқуқ, мегӯяд, суханони раисҷумҳур дар бораи муғойирати қонунҳои амалкунанда бо Сарқонунро воқеияти Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Вай меафзояд, «ҳар як моддаи Сарқонунро бингаред, дар охираш навишта шудааст, ки ба ғайр аз лаҳзаҳое, ки қонун муайян кардааст. Албатта, бе ин ҳам намешавад, аммо ин гуна моддаҳо зиёданд ва оҳиста-оҳиста вақте ба ҳаёти муқаррарӣ меравад, қариб ки аз он чизе намемонад. Ҳамин тариқ, Сарқонун санаде шудааст, ки фақат дар рӯзҳои ид ва тантанаҳо ба ёди кас мерасад. Яъне ҳамчун ҳуҷҷати кории тамоми мардуми кишвар, китоби рӯйимизии як миллат нест».

Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти зидахл тақозо кард, ки муғойирати қавонини кишвар ба Сарқонунро бартараф кунанд, то қавонин воқеан ҳуқуқбунёдии Тоҷикистонро собит кунанд.

Абдуқаюм Юсуфов, коршинос дар умури ҳуқуқ, мегӯяд, як далели дигари эътибори ками Сарқонун дар кишвар ҳам ин аст, ки мардум аз нақзи ҳуқуқи конститутсионии хеш ба Додгоҳи конститутсионӣ кам муроҷиат мекунанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷанбаи башардӯстонаи Сарқонунро ҳамчунин дар он зикр кард, ки тайи 15 соли ахир дар кишвар 9 қонуни авф ба имзо расида, ба 61 ҳазор нафар татбиқ шуд ва аз ин теъдод 40 ҳазор нафар аз маҳбасҳо озод шудаанд.

Вай қонуни авфи ахирро низ ёдовар шуд, ки ба 10 ҳазор нафар татбиқ мешавад ва 3 ҳазор нафар озод хоҳанд шуд. Далели дигари ӯ эҳтироми ҳуқуқи инсон ба ҳаёт аст, ки соли 2003 ба занон ва соли 2004 ба мардон татбиқи ҳукми қатл бекор шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон аз Кумитаи радиову телевизион тақозо кард, ки наворҳои видеоии таърихи 18 соли ахири кишварро ба сафорату намояндагиҳои хориҷӣ дар кишвар пешкаш кунанд, то онҳо бо сарнавишти талхи мардум дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва беҳбудиҳои баъдӣ ошно шаванд. Вай гуфт, сафирони хориҷӣ аз аввалин афроде буданд, ки баробари сар шудани даргириҳо Тоҷикистонро тарк карданд.
XS
SM
MD
LG