Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: "Дипломатҳо бояд шинос шаванд"


Раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки намояндаҳои корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон бо маводи бойгонии марбут ба рӯйдодҳои ҷанги дохилии ин кишвар дар солҳои 1992-1997 шинос шаванд. Рӯзи панҷшанбе, зимни суханронӣ дар нишасте ба муносибати 15-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон ӯ гуфт, ки чунин пешниҳод ба хотири шиносоиву огаҳии онҳо бо рӯйдодҳои он солҳо карда мешавад. Вай ба Кумитаи телевизион ва радиои кишвар амр дод, ки маводи видеову аудиои ба ин мавзӯъ ихтисосдошта ва маҳфуз дар бойгонии худро ҷамъоварӣ карда дар ихтиёри намояндаҳои корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон вогузор кунад. Вай афзуд, ки он солҳо дипломатҳо аввалин шуда кишварро тарк карданд. Вай гуфт, ки ҳоло ҳам баъзе нирӯҳо аз хориҷи кишвар талош мекунанд, ки вазъияти Тоҷикистонро бесубот кунанд. Вай гуфт, ки ҷомеаро бесубот кардану оташи низоъро афрӯхтан осон аст, вале хомӯш кардани ин оташ кори саҳл нест. “Вале мардуми ботаҷрибаи тоҷик дигар ба ин роҳ қадам нахоҳад гузошт”, - гуфт Раҳмон.
XS
SM
MD
LG