Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Гурҷистон аз шаҳрвандии Русия даст кашид


Вазири хориҷаи Гурҷистон Григол Вашадзе аз шаҳрвандии Русия даст кашид. Сухангӯи вазорати хориҷа Иа Махарашвилӣ гуфт, Вашадзе шиносномаи русиашро пас фиристода, аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев хостааст, шаҳрвандии ӯро расман лағв кунад. Вашадзе, ки дар декабри соли гузашта ба курсии вазири хориҷаи Гурҷистон нишаст, Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, то фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар вазорати умури хориҷии СССР хидмат мекард.
Равобити Маскаву Тифлис дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузашта ба сардӣ гароид. Бархе аъзои парлумони Русия хостори лағви шаҳрвандии Русия барои Вашадзе ба далели фаъолиятҳои “зиддирусӣ”-и ӯ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG