Ин эълон дар ҳоле садо дод, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби Карзай дар даври дувуми интихобот рӯзи якшанбе ба нишони эътироз аз хилофкориҳо тасмим гирифт, ки дар даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон ширкат накунад.
Раиси Кумиссюни мустақили интихоботи Афғонистон, Азизуллоҳ Лудин, гуфт, даври дувуми интихобот, ки ба 7-уми ноябпр пайрезӣ шуда буд, баргузор нахоҳад гашт. Вай афзуд, пайомадҳои иқтисодӣ ва сиёсии ин фароянди кашолёфта ва пешгирӣ аз номуайяниҳо ва таҳдидҳо ба вазъи амниятӣ сабаби чунин тасмим шуданд.
Ин эълон дақиқаҳое баъд аз даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун садо дод, ки бо ворид шудан ба Кобул, хост, тасмими марбут ба интихобот ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.
Вай ба таври ҷудогона бо раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ва раҳбари мухолифон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот кард ва дар назди хабарнигорон гуфт, умедвор аст, кумиссюни интихобот дар ҳалли мушкил ба қонун такия хоҳад кард: "Ман аллакай дар роҳ ба Кобул будам, ки шунидам, Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ тасмим гирифт, ширкаташро дар даври дуввум идома надиҳад. Ман бовар дорам, дар ҳалли мушкил ба қонун бартарӣ дода мешавад. Ва Кумиссюни мустақили интихоботи Афғонистон тибқи қонуни асосии кишвар амал хоҳад кард."
Бан Ки-мун иқрор кард, ки интихоботи Афғонистон душвортарин интихоботе будааст, ки Созмони Милал аз он ҳимоят кардааст. Вай афзуд, ҳама гуна қарори Кумиссюни мустақили интихоботи Афғонистон пазируфтанӣ хоҳад буд.
Изҳороти Дабири кулли Созмони Милал дар Кобул ба ҳайси тасдиқи машрӯъияти эълони мақомоти афғон пазируфта шудааст. Инчунин изҳороти вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон, ки гуфтааст, канораҷӯии номзади мухолифон ба қонунмандии интихобот зарба намезанад, паёми ин аст, ки Вошингтон бо вуҷуди танқидҳои шадиди гузаштааш, омодааст, бо Карзай ҳамкорӣ кунад.
Бархе аз коршиносони афғон гуфтаанд, тасмими Абдуллоҳ ва баргузор нашудани даври дувум ба рушди мардумсолорӣ дар Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад дошт. Аммо тарафдорони Абдуллоҳ мегӯянд, тасмими номзади онҳо маҳз бо ҳадафи таҳкими мардумсолорӣ дар кишвар ва сабақе барои интихоботҳои шаффофу одилона дар оянда гирифта шудааст.
Вокуниши матбуоти байнулмилалӣ ба фарҷоми интихоботи Афғонистон манфӣ буда, "Гордиан", чопи Лондон, онро интихоботе номидааст, ки дар он ҳама бохтаанд ва Ню Йорк Таймс менависад, дар симои Карзай Иёлоти Муттаҳида бо коршарики заъифе дар давраи ҷанг рӯбарӯ хоҳад буд.
Таҳлилгари тоҷик, Абдуғаффори Камолиён, ки моҳҳои охир дар чанд намоиши телевизионӣ ҷанбаъҳои интихоботи Афғонистонро баррасӣ кард, мегӯяд, Тоҷикистон дар ин сабқати душвори ҳамсояаш мавқеъи амалгароёна касб кардааст.
Дар ҳоле ки таҳлилгарони байнулмилалӣ заъфи қонунмандии салоҳиятҳои Карзайро як омили сангинтар шудани ҳамкории Ғарб бо Кобул мешуморанд, изҳори умедворӣ мекунанд, ки нахустин қадамҳои Карзай дар даври нави раёсаташ дар таҳкими нерӯҳои амниятии ин кишвар, решакан кардани фасод ва ёфтани забони муштарак бо толибони мӯътадил посух хоҳад дод, ки ояндаи ин ҳамкорӣ чӣ гуна хоҳад буд.