Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти дастаи ҷавонони Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола аз тими Яман бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври чаҳоруми гурӯҳи «А» 1-уми ноябр дар варзишгоҳи Ҳалчоуки шаҳри Катманду барпо гашт. Ҳар се гол дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 53-юм Иссом ал-Варофӣ аз пенолти боз кард. Ду голи дигарро Айман ал-Ҳоҷарӣ дар дақиқаи 81-ум ва Валид ал-Ҳубайшӣ дар дақиқаи 83-юм ба самар расонданд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ ду бозигари дастаи Тоҷикистон - Наим Улмасов дар дақиқаи 44-ум ва Фариз Аскаров дар дақиқаи 74-ум ва бозигари Яман Аҳмад ал-Байданӣ дар дақиқаи 75-ум (ҳарсе барои корти зарди дуввум) аз бозӣ хориҷ шуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо чунин ҳайат бозӣ кард: Саидҷон Саидраҳмонов, Шероз Абдуллоев, Аҳтам Назаров, Сергей Абрамов, Расул Файзов (Умедҷон Шарифов, 84), Нуриддин Давронов, Руслан Раҳматов (Фариз Аскаров, 4), Шавкати Ҳотам, Наим Улмасов, Фирдавсӣ Қурбонов(Ҷамолиддин Зардиев, 19), Қурбоналӣ Собиров.

Дар ду бозии дигари ин гурӯҳ Қирғизистон бар Фаластин бо ҳисоби 2:0 ва Урдун бар Непал бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «А» дастаи Урдун бо 10 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи Тоҷикистон бо 9 имтиёз дуввум аст. Яман бо 8 имтиёз дар ҷои севум, Непал ва Қирғизистон бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум ва Фаластин бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудаанд.

Дар даври охирин, 4-уми ноябр, дастаҳои Тоҷикистон - Урдун, Қирғизистон – Яман ва Фаластин - Непал бозӣ хоҳанд кард. Тимҳои Непал, Қирғизистон ва Фаластин имкони ба даст овардани роҳхатҳоро ба марҳилаи ниҳоӣ аз даст доданд. Се даста - Урдун, Тоҷикистон ва Яман – барои роҳ ёфтан ба сабқати ниҳоӣ талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG