Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳ нафар дар ҳамлаҳо дар Ироқ


Рӯзи якшанбе бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ дасти кам даҳ нафар кушта шуданд. Дар шаҳри шианишини Мусаиб бар асари таркиши маводи тарканда дар як велосипед панҷ нафар ба ҳалокат расида, 37 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар шаҳри муқаддаси Карбало як автобус бо сокинони маҳаллӣ инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса як зан кушта шуда, 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ҳамин ҳол генерал Оскар Фернандес-Таранко, фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ, вориди Бағдод шуд. Ӯ бояд дар бораи вазъ дар пойтахти Ироқ гузориш таҳия кунад. Як ҳафта пеш бар асари таркишҳо дар Бағдод беш аз 150 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG