Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 7000 ҷинояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия


Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тайи 9 моҳи соли равон шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави Русия беш аз 7000 ҷиноят содир кардаанд.
Дилбар Хоҷаева, сухангӯи ин ниҳод гуфт, атбоъи Тоҷикистон дар Русия бештар бо иттиҳомоте, чун истифодаи асноди ҷаълӣ, тиҷорати маводи мухаддир ва дуздӣ боздошт мешаванд. Хадамоти муҳоҷират ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро дар 8 моҳи аввали соли равон беш аз 290 000 нафар баршумурда, мегӯяд, бахши аъзами онҳо дар бозору сохтмон ва соҳоти нақлиёту кишоварзии Русия кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG