Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ


Дар барномаи навбатии «Ояндасоз -мюзик» пардаро аз эҷодиёт ва рӯзгори оҳангсози маъруфи тоҷик, асосгузори мусиқии муосири тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ бармедорем.

Бо ҳадафи муаррифии бештари эҷодиёти пурмаҳсули ин оҳангсоз ба насли нав, чанд рӯзи пеш бо мусоидати Бунёди фарҳангии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китоби шарҳиҳолии ин эҷодкори маъруф рӯи чоп омад. Дар китоби мазкур номгӯи асарҳои ин оҳвнгсози барҷаста пешниҳод шудаанд, ки онҳо пайвандгари мусиқии классикии Осиёи Марказӣ ва Аврупо буда, ба намунаҳои мусиқии навини тоҷик ва фарҳанги мусиқии муосири ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Китобнома бо овардани мавод оид ба саҳнаҳои муҳими ҳаёти Зиёдулло Шаҳидӣ оғоз ёфта, баъдан, дар бахшҳои алоҳида феҳристи осори чопшудаи солҳои 1940 то 2007 пешниҳод шудаанд ва дар қисмати охири он кӯмакфеҳристҳои алифбоии асару таронаҳои оҳагсоз дарҷ ёфтаанд.

Зиёдулло Шаҳидӣ фаъолияти эҷодии худро ҳанӯз дар 18-солагӣ ва омӯзиши овозхониву мусиқиро аз мактаби шашмақомхонон дар шаҳри Самарқанд оғоз кардааст. Зиёддуло Шаҳидӣ аз машоққони аввалин оркестри тоҷик буда, беҳтарин оҳангҳо ва таронаҳои солҳои 50 то 90-уми қарни гузаштаи мутаалиқ ба ин оҳангсози машҳуранд. Ба гуфтаи Мунира Шаҳидӣ, фарзанди оҳангсози маъруф, ин оҳангсоз соли 1914 дар Самарқанд дар давраи мушкили сиёсӣ ба дунё омадааст. Дар ин давраи табадуллот, падари Зиёдулло Шаҳидӣ, рӯшанфикри он замон, ба қатл расонида мешавад, ки ин мусибат дар фаъолияти эҷодии минбаъдаи оҳангсоз нақши муҳими худро мегузорад.

Мунира Шаҳидӣ бо таассуф мегӯяд, ҳарчанд Зиёдулло Шаҳидӣ аз худ 300 номгӯи таронаҳо, ду операи машҳур, романсҳову оҳангҳои бешуморро барои филмҳову намоишномаҳо ба мерос гузоштааст, аммо осори боқимондаи вай имрӯзҳо тариқи садову симо қариб шунавонида намешаванд ва исми вай дар миёни насли нави овозхонону оҳангсозон чандон шинохта нест.

Холмаҳмад Маҷидов, раҳбари Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, мегӯяд, азбаски эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ бештар асарҳои хориро дарбар мегирад, ин асарҳо ҳамеша дар консертҳо аз сӯи гурӯҳии хори театр иҷро мешаванд. Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Маҷидов, қариб сӣ дарсади барномаҳои операвӣ ва балети ин театр аз рӯи асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ ба саҳна гузошта шудаанд.

Бӯрҳон Муҳаммадқулов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, оҳангҳои эҷодкардаи Зиёдулло Шаҳидиро барҷаста ва нотакрор унвон мекунад. Ӯ мегӯяд, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба ҳунармандони оянда қабл аз ҳама мактаби мусиқии ин бастакор омӯхта мешавад.

Гуфта мешавад, таронаву оҳангҳои Зиёдулло Шаҳидӣ бойгонии тиллоии мусиқии тоҷикиро ташкил карда, баъзе аз онҳо имрӯз ҳам аз сӯи овозхонони ҷавони тоҷик иҷро мешаванд. Ба унвони мисол, таронаи «Ранҷида ёрам омад», ки замоне онро овозхони шинохта Шоиста Муллоҷонова иҷро мекард, дубора аз сӯи хонандаи ҷавон Нигина Амонқулова суруда ва шӯҳрат касб кард.

Оҳангсозони тоҷик мегӯянд, аз мактаби ҳунарии Зиёдулло Шаҳидӣ бастакарони маъруфи Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Аз ҷумла, меросбарии асосии ин бастакор фарзанди вай оҳангсози шинохтаи тоҷик Толибхон Шаҳидист, ки исм ва ҳунари вай дар хориҷ аз кишвар низ шинохта ва эътироф шудааст.
XS
SM
MD
LG