Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтнер: "Доллар асъори N1 хоҳад монд"


Вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер гуфт, доллари амрикоӣ боз муддати тӯлоние мақоми бузургтарин захираи асъори ҷаҳонро ҳифз хоҳад кард.
Ин изҳороти Гейтнер ба сармоягузорон дар Ню-Йорк ҳамагӣ як рӯз баъд аз уфти дар 14 моҳи ахир бесобиқаи қурби доллар дар муқобили евро садо дод. Доллар тайи моҳҳои гузашта, ҳамин тавр, қурбашро дар муқобили соъир асъори муҳими байналмилалӣ аз даст дод ва гуфтугӯҳоро дар мавриди эҷоди як маҷмӯъаи асъори байналмилалӣ бештар кард. Тимотӣ Гейтнер ҳамчунин гуфт, иқтисоди Амрико хеле қавитар шудааст, вале ҳамчунон тасвире зиддунақиз дорад.
XS
SM
MD
LG