Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Беларус ба қатл маҳкум шуд


Додгоҳи Беларус Андрей Жук, як шаҳрванди 25-солаи он кишварро бо ҷурми қатли ду посбони як мошини пуливазкунӣ ба қатл маҳкум кард. Беларус танҳо кишвар дар қораи Аврупост, ки ҳукми қатлро то ҳол бекор накардааст.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, тайи 18 соли истиқлолияти Беларус дар ин кишвар беш аз 400 нафар ҳукми эъдом гирифтаанд. Ҳукми қатл дар Беларус тавассути аз пушти сараш паррондани маҳкум иҷро мешавад. Раиси он ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка даъватҳои байналмилалӣ ба манъи ҳукми эъдомро радд кардааст.
Адрей Жук ҳаққ дорад аз Лукашенка афви гуноҳашро дархост кунад. Вале Лукашенка тайи 15 соли ҳукуматаш танҳо як нафари маҳкум ба эъдомро афв кардаасту бас.
XS
SM
MD
LG