Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи расмии Эрон баъд аз 48 соат ироа мешавад


Эрон шартҳои чаҳорчӯбии созишномаи байнулмилалӣ оид ба барномаи ҳастаии кишварро пазируфта ва аммо ҳамзамон хостори вуруди бархе тағйирот ба ин санад шудааст. Дар ин бора имрӯз телевизиони давлатии Эрон хабар дод. Ба иттилоъи ин манбаъ, Теҳрон тайи 48 соати оянда ба пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ расман посух хоҳад гуфт. Ва аммо то ҳол маълум нест, ки Эрон вуруди чӣ гуна тағйирот ба созишномаро талаб дорад. Тибқи созишнома, ки аллакай аз сӯи Русия, ИМА ва Фаронса пазируфта шудааст, Теҳрон ураниуми ғанисохтаи худро ба хотири тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ барои Эрон дар ихтиёри дигар кишварҳо мегузорад.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз он нигарон аст, ки Эрон барномаи ғанисозии ураниумро барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард. Ва аммо Теҳрон дар посух мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG