Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Тоҷикистон боз ҳам хоҳад афзуд


Қарзи хориҷии Тоҷикистон то поёни сол метавонад 35 дарсади ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил диҳад. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молияи Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки қарзи хориҷии кишвар то поёни сол метавонад ба 1 миллиарду 637 миллион доллар баробар шавад. Қарзи Душанбе феълан чизе бештар аз якуним миллиард долларро ташкил медиҳад.
Соле пеш қарзи хориҷии Тоҷикистон муодили тақрибан 27 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар буд.
XS
SM
MD
LG