Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон вориди Теҳрон шуд


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дирӯз ба манзури баррасии масоили равобити дуҷониба вориди Теҳрон, пойтахти Эрон шуд. Хабаргузории расмии ИРНО навишт, ки Эрдуғонро дар фурудгоҳ вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ истиқбол гирифтааст. Интизор меравад, Раҷаб Эрдуғон бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва бо раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот кунад.
ИРНО менависад, табодули молу коло байни Эрону Туркия дар ҳоли ҳозир солона ҳудуди 12 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ду кишвар мехоҳанд равобити худро боз биафзоянд.
XS
SM
MD
LG