Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Петреус дар Душанбе бо Раҳмон мулоқот кард


Генерал Дэвид Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон соате пеш бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мулоқот кард. Ҷонибҳо дар бораи вазъи минтақа, аз ҷумла дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба барои таъмини сулҳ дар Афғонистон бо ҳам гуфтугӯ карданд. Генерал Петреус бо мақомоти дигари низомии Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ мекунад. Боздиди Петреус-фармондеҳи нируҳои Амрико дар Афғонистон аз Тоҷикистон ва музокироти вай бо мақомоти ин кишвар дар ҳоле анҷом мегирад, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар фикри фиристодани нируҳои изофӣ ба Афғонистон аст. Соли ҷорӣ ин дуввумин боздиди генерал Дэвид Петреус аз Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG