Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи ҷинояткори ҷангӣ


Рӯзи 26-уми апрел дар Гаага дар Додгоҳи байнулмилалӣ ё Додгоҳи СММ мурофиаи Радован Караҷич, раҳбари давраи ҷанги сербҳои Босния оғоз шуд.

Караҷич оғози мурофиаро қотеъона бойкот кард. Қарор буд, имрӯз ва фардо мурофиа бо сухани муқаддимавии ӯ оғоз шавад. Вале ба сабаби ҳозир нашудани Радован Караҷич мурофиа 15 дақиқа аз вақти пешбинишуда дертар сар шуд.

Караҷич гуфтааст, вай барои омодагӣ ба дифоъ аз худ вақти кофӣ дар ихтиёр надоштааст. Караҷич ҳафтаи гузашта ба додгоҳ хабар дод, то вақте, ки барои дифоъ аз худ омода нашавад, дар мурофиа ширкат нахоҳад кард. Қаблан, ӯ дар номае аз додгоҳ дархост кард, ки барои омодагӣ ба вай то моҳи июни соли 2010 вақт диҳанд. Караӯичи 64-сола болотарин мақоми сербҳои Босния мебошад, ки аз Югославияи собиқ ба додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии СММ меравад.

Вай моҳи июли соли гузашта дар як автобус дар Белград баъд аз 13 соли ҷустуҷӯ боздошт шуд. Вай барои 11 ҷинояти марбут ба қатли ом, ҷиноят бар зидди башарият ва барои нақшаш дар ҷанги солҳои 1992-95-и Босния муттаҳам дониста мешавад. Дар ин ҷанг 100 000 кушта ва тақрибан 2,2 миллион нафар беҷо шуданд. Вай борҳо ширкат дар мурофиаро рад кардааст ва пофишорӣ кардааст, ки гуноҳ надорад. Агар вай гунаҳгор дониста шавад, мумкин аст ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Ба иттиҳоми қатли ом куштори 8 000 нафар мусулмон дар соли 1995 дар Серебренитса дохил мешавад. Қатли оми дуввум наслкушии сербҳои Босния ё поксозии миллии мусулмонон ва аҳолии хорват мебошад. Нӯҳ иттиҳоми дигар ба куштор, таъқиб ва гаравгонгирии нерӯҳои посдори сулҳи СММ иртибот дорад.

Додситонҳо Алан Тигер ва хонум Ҳилдегард Уертс-Ретзлаф дархост кардаанд, ки мурофиаи Караҷич якҷо бо генерал Радко Младич, фармондеҳи низомии Караҷич, баргузор шавад. Вале Младич ҳанӯз боздошт нашудааст.

Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки додгоҳи Караҷич навъе имконе барои такмили мурофиаи додгоҳии Слободан Милошевич аст, ки 4 сол тӯл кашид ва Милошевич қабл аз судури ҳукми додгоҳ дар боздоштгоҳ аз сактаи қалбӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG