Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карачич оғози мурофиаро бойкот кард


Радован Карачич-раҳбари собиқи сербҳои Босния ширкат дар оғози мурофиаи додгоҳиаш дар додгоҳи байналмиллалии Ҳейгро байкот кард. Вай барои ҷиноятҳои ҷангиаш ва қатли ом дар Серебреница дар солҳои 1990-ӯм муттаҳам дониста мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки вай ба 11 соли ҳабс маҳкум шавад. Карачич ҳамаи иттиҳомотро рад мекунад. Намояндаи вай дар мурофиа ҳузур дорад ва гуфтааст, ки Карачич фурсати кофӣ надоштааст, то барои дифоъ аз худ омода шавад, ба ҳамин далел вай оғози мурофиаро бойкот мекунад. Додситон гуфт, адами ширкати Карачич ҷараёни мурофиаро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад, ба ҳамин сабаб вай дархост кард, ки як вакили мудофеъ аз номи вай дар додгоҳ намояндагӣ кунад.
"Ба унвони муттаҳам дар оғози мурофиа ҳузури вай ҳатмист. Даст кашидани вай аз ширкат ба оғози мурофиа монеъ мешавад. Ба ҳамин сабаб, қозиёни додгоҳ бояд ба машварат нишинанд, то аз ҳар гуна мушкилӣ дар ин мурофиа пешгирӣ шавад".

Карачич соли гузашта пас аз 13 соли судури амри боздошт дастгир шуд.
XS
SM
MD
LG