Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Кабирӣ: «Нигоҳи нави Аврупо ба ОМ»


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон, пас аз як силсиласафараш ба кишварҳои аврупоӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо дар стратегияи муносибати худ бо Осиёи Марказӣ таҷдиди назар мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ, ки бо даъвати мақомоти ИА сафар карда буд, бо мақомоти ин иттиҳод, комиссияи аврупоӣ ва Шӯрои Аврупо мулоқотҳо дошт.

Ӯ дар роҳи бозгашташ ба Тоҷикистон аз Истанбул бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард ва гуфт, интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонии Тоҷикистон низ яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар дидорҳояш бо мақомоти аврупоӣ буд. Оқои Кабирӣ гуфт, бархе аз мақомоти аврупоӣ омодаанд, дар қазияи оби минтақа аз Тоҷикистон ҷонибдорӣ кунанд, вале тасмимгирии ин доираҳои аврупоӣ ба баргузории интихоботи шаффоф ва озоди моҳи феврали соли 2010 бастагӣ хоҳад дошт.

Сӯҳбати пурраи Муҳиддин Кабириро метавонед бо нохун задан ба рамзи аудио дар ҷониби рости саҳифа бишнавед.
XS
SM
MD
LG