Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши тунди ВИЧ дар Тоҷикистон


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, тайи нӯҳ моҳи гузашта тақрибан 320 мавриди гирифторӣ ба бемории вируси норасоии масунияти баданро сабт кардааст, ки баёнгари густариши тунди ин беморӣ дар Тоҷикистон мебошад. Аъзамҷон Мирзоев – муовини вазири беҳдошт ва ё тандурустӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон то якуми октябр 1740 нафар мубталои бемории Эйч Ай Ви ЭЙДЗ будаанд, ки аксарияти онҳо дар Душанбе пойтахт ба сар мебаранд. Дар миёни мубталоён ба вируси норасоии масунияти бадан аксариятро мардон ташкил медиҳанд ва теъдоди занони гирифтор ба беморӣ бештар аз 350 нафар будааст. Бино ба гуфтаи Созмони Милал, Осиёи Марказӣ ва Русия аз он манотиқи ҷаҳонанд, ки вируси норасоии масунияти бадан дар онҳо босуръат паҳн мешавад.
XS
SM
MD
LG