Пайвандҳои дастрасӣ

Сардиҳои фасли тирамоҳ шоми ҳатто кӯчаҳои марказии Душанберо камодам кардааст. Дар соатҳои 8-9 дар хиёбони Рӯдакӣ танҳо иддаи хурде аз мардумро дида метавон, ки ба сӯи хона мешитобанд.

Мардуми оддӣ бо фаро расидани торикӣ ба сари роҳ мебарояд ва мунтазири маршруткаву тангем ва ё таксиҳои дусомона меистад. Вале пулиси навбатдор чунин ҳақро ба худ дода наметавонад. Ё тоҷире, ки рақобати камтарро дар шаб ба тиҷорат баромадан мебинад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ як шом ба сайри Душанбеи шабона баромаданд ва шоҳиди ҳодисаҳои аҷиб шуданд. Ин навор шуморо бо муҳимтарин ва ҷолибтарин дидаҳои Озодӣ шинос мекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG