Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили озодии созмонҳои ҷамъиятии минтақа


Озодии созмонҳои ҷамъиятӣ дар Осиёи Марказӣ мавзӯи баҳси як мизи гирд дар Бишкек буд, ки САҲА дар ҳамкорӣ бо Омбдусмени Қирғизистон ташкил кард.

Бенҷамин Моро, мушовири дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ин мизи гирд маълум кардани дараҷаи дастрасӣ ба иттилоҳост, ки стандартҳои байнeлмилалӣ муқаррар кардааст ва ин стандартҳо маҳз озодии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунанд. Вай афзуд, ки дар кадом вазъ қарор доштани корҳои пажуҳишӣ перомуни рушди озодии иттиҳодияҳо низ аз тарафи иштирокчиёни мизи гирд ба доираи баҳс кашида шуд.

Ба гуфтаи Бенҷамин Моро дар бартараф сохтани нуқсонҳое, ки дар бахши озодии иттиҳодияҳои ҷамъиятии соири кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуданд, мушорикати намояндагони ҳукумат, созмонҳои иҷтимоӣ ва омбдусменҳои ин кишварҳо ногузир аст.

Мушовири дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА тазаккур дод, ки таъмини молии созмонҳои ғайридавлатӣ, назорати фаъолияти онҳо ва танзими кори ин созмонҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунгузориҳо сурат гирад. Бенҷамин Моро гуфт, ки афкору ақида ва назари иштирокчиёни мизи гирд дар ин маврид зидду нақиз буданд.

Зариф Ализода, Омбдусмени Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ изҳор кард, ки тақрибан ҳамаи масъалаҳои мавриди баҳси мизи гирд, ки марбути озодии иттиҳодияҳои ҷамъиятист, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муштарак мебошад.

Вай гуфт, «муҳокимаҳо гуногун ва фикрҳо ҳам гуногун буданд. Масъалаҳое, ки ба таъсиси гирдиҳамоиҳо дар Тоҷикистон марбутанд, бо қонун ба танзим дароварда шудаанд. Соли 2007 дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қонуни нав қабул шуд. Пешравии ҷомеаи шаҳрвандиро бидуни фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ тасаввур наметавон кард, вале муҳим он аст, ки ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ то чи андоза фаъол ҳастанд».

Ба гуфтаи Зариф Ализода масъалаҳое, ки гурӯҳи одамон ё одамони алоҳида ба он рӯбарӯ мешаванд, кам нестанд ва ӯ ба ҳайси Омбдусмени Тоҷикистон, тибқи салоҳити худ, дар ҳаллу фасли он дасти ёрӣ дароз мекунад.

Новқат Идрисов, мудири намояндагии маркази байнулмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, мақараш дар Бишкек, мегӯяд, дар Қирғизистон қонунҳое, ки таъсиси гирдиҳамоиҳо ва намоишҳои оммавии мардумро ба танзим медароранд, ба стандартҳои САҲА ва ниҳодҳои демократӣ чандон мувофиқат намекунанд. Оқои Идрисов гуфт, вале Қирғизистон дар мавриди озодии созмонҳои иҷтимоӣ нисбат ба кишварҳои ҳамҷавори худ пеш рафтааст.

Қодили зикр аст, ки мақоми созмонҳои ғайридавлатӣ, дастрасӣ ба озодии таъсиси гирдиҳамоиҳо барои ин созмонҳо ба вижа баъди нишасте, ки дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА дар ҳамкорӣ соли 2005 дар Қазоқистон доир намуда буд, мавриди баррасии ширкаткунандагони мизи гирд қарор гирифт. Гуфта шуд, ки қонунгузориҳои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд перомуни ҳимояи ҳуқуқи созмонҳои ҷамъиятӣ такмил ёбанд ва ба стандартҳои САҲА низ мутобиқат намоянд.
XS
SM
MD
LG