Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон:Забони русӣ дар Тоҷикистон хор нашудааст


Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханони худ дар Кохи Кремли Маскав ба рӯзноманигорон гуфт, забони русӣ дар Тоҷикистон ба унвони забони муоширати миёни миллатҳои муқими ин кишвар боқӣ хоҳад монд. Вай гуфт, баъд аз тасвиби "Қонун дар бораи забони давлатӣ дар Тоҷикистон", яъне забони тоҷикӣ расонаҳои хабарӣ пиромуни мақоми забони рӯсӣ дар Тоҷикистон ба ифрот роҳ додаанд. Оқои Раҳмон афзуд, мақоми забони русӣ дар Тоҷикистон дар Қонуни Асосии ин кишвар таъйин ва бидуни тағир боқӣ мондааст. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, баъзе хабаргузориҳо навиштаанд, ки забони русӣ дар Тоҷикистон таҳқир шудааст, вале ин идао аз реша дуруст нест.
XS
SM
MD
LG