Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - сарзамини газу нафтхез?


Мақомоти Русия дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар соли оянда метавонад ниёзи худро бо газу нафти дохилӣ бароварда созад.

Ин дар ҳолест, ки ширкати «Газпром зарубежнефтогаз»-и Русия корҳои иктишофиро дар манобеи Сариқамиши ноҳия Шаҳринав ва минтақаи Шоҳамбарӣ ба поён расонидааст. Ва дар ояндаи наздик бо парма кардани чоҳҳои газ дар ин минтақа шурӯъ хоҳад кард.

Екатерика Кожевникова, сухангӯи ширкати «Газпром зарубежнефтегаз»-и Русия дар Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо радиои Озодӣ дар ин замина гуфт, "тахмин зада мешавад, ки дар ин манобеи таҳти таҳқиқи ширкати «Газпром зарубежнефтегаз» қарор гирифта 70 ё 80 миллиард метри мукааб захираи газ вуҷуд дорад, ки метавонад ниёзи дохилии Тоҷикистон бо гази табииро таъмин кунад ва Тоҷикистон аз бӯҳрони сухт наҷот бидиҳад”.

Дар манобеи таҳти таҳқиқи ширкати "Газпром зарубежнефтегаз"-и Русия 70 ё 80 метри мукааб захираи газ вуҷуд дорад, ки метавонад ниёзи дохилии Тоҷикистонро таъмин кунад ...
Ширкати «Газпром зарубежнефтегаз»-и Русия беш аз як сол қабл пас аз ширкати Тетис Петролиюмӣ амрикоӣ вориди бозори энержии Тоҷикистон шуд. Ва бар асоси мувофиқатномаи имзошуда, ин ширкат қарор аст дар корҳои кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон дар худуди 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Ва пас аз анҷоми корҳои иктишофӣ ва комилан таин шудани захираи истихроҷи газу нафт бо Тоҷикистон қарордоди тозаеро имзо хоҳад кард.

Ба гуфтаи бархе аз геологҳо, дар бораи захираи нафту гази Тоҷикистон геологҳои Русия аз қабл иттилоъ доштанд. Вале аз рӯи фанновариҳои онвақта истихроҷи нафту гази Тоҷикистон масрафи зиёди молиро тақозо мекард. Ҳоло ширкати «Газпром зарубежнефтегаз»-и Русия бо технология ҷадид вориди Тоҷикистон шудааст.

Азим Иброҳим, раиси саридораи геологияи тоҷик, мегӯяд, «Газпром зарубежнефтегаз»-и Русия барои бурдани корҳои иктишофӣ дар манбаи Шоҳамбарӣ ва Саргазон ройгон муҷаввиз дарёфт кардааст. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, захираи газ дар шимолу ҷануби Тоҷикистон – дар шимол дар минтақаи марзӣ бо Узбакистон ва дар ҷануб дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон - низ зиёд аст. Ва захираи газ дар худуди 800 миллиард метри мукааб тахмин зада шудааст.

Аъзам Иброҳим ин бора гуфт, «дар ҳоли ҳозир ҷуз ширкати «Газпром зарубежнефтегаз»-и Русия боз 4 ширкати дигари хориҷӣ, аз ҷумла «Тетис Петролиюм»-и амрикои, «Марвис»-и сингапурӣ, «СомонОйл» - ширкати муштараки тоҷикию шведӣ ва «ТоҷАМ»-и тоҷикиву амрикоӣ ба корҳои иктишофи нафту газ машғуланд.

Ба гуфтаи ширкати «Тоҷиктрансгаз» дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон гази воридоти аз Узбакистон ки 25 ҳазор метри муккаб дар соатро ташкил медиҳад, пешпардохт мешавад. Ва сабаби муфлисшавии бархе аз корхонаҳо, аз ҷумла Тоҷикгаз, низ гаронии қиммати гази воридотӣ аз Узбакистон аст.

Ба гуфтаи коршиносон, агар мо соле як миллиард метри мукааб гази дохилиро истифода бубарем мушкили мо ҳал хоҳад шуд ва ниёз ба гази воридотӣ аз Узбакистон низ аз байн хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG