Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро озмуни "Панҷ ситора" ба таъхир афтод?


Чунин суолро ахиран як хонандаи азизи сомонаи Озодӣ ба мо додааст.

Тибқи барномаи қаблан эълонкардаи дастандаркорони озмуни байнулмилаии «Панҷ ситора. Интервидение», қарор буд ин озмун моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир шавад, аммо он мавқуф гузошта шуд ва то ҳанӯз аз замони баргузории он хабаре нест.

Мо бо ин суол ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон муроҷиат кардем. Раиси ин кумита Асадулло Раҳмонов мегӯяд, ба таъхир афтодани замони озмуни «Панҷ ситораи Интервидения» маънои комилан баргузор нагаштани он дар Тоҷикистонро надорад ва агар то охири моҳи октябр масъалаҳои молӣ ҳалли худро наёбад, қарор аст, озмун ба соли 2010 гузаронида шавад.

Тоҷикистон сабаби аслии тайи чанд бор тағйир ёфтани рӯзи баргузории озмунро ба мушкилоти молии ҷониби Русия рабт медиҳад. Аммо ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, онҳо омодаанд, мувофиқи созишномаи ба тасвиб расида, тамоми вазифаҳои ба дӯш доштаашонро иҷро созанд.

Дар озмуни имсола қарор буд Ален Абилфайзов Тоҷикистонро дар ин сабқат намояндагӣ кунад. Ален дар сӯҳбат бо мо гуфт, ӯ тайи чанд моҳи ахир барои ширкат дар ин сабқат омодагӣ мегирад ва, ба гуфтаи вай, то соли 2010 мавқуф гузоштани озмун барояш фурсати бештареро барои тамрин медиҳад.

Вай мегӯяд, «фикр мекунам, то чанд моҳи дигар ба таъхир андохтани озмуни «Панҷ ситора» ба манфиати мост, чунки ман имкон дорам ҳунари худро бештар сайқал диҳам. Ҳамчунин то баргузории озмун ман ният дорам консерти нахустини худро барои сокинони пойтахт пешниҳод кунам ва бо барномаи ҳунариям онҳоро ошно намоям».

Соли гузашта Таҳмина Ниёзова аз Тоҷикистон барандаи ин озмуни овозхонҳои попи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷумҳуриҳои назди Балтик гардида буд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG