Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афюни афғонӣ қотили 100 ҳазор нафар


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, афюни афғонӣ солона сабаби марги 100 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон мешавад. Дар гузориши тозае, ки Муассисаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал нашр кард, омадааст, таъсири манфии маводи мухаддири афғонӣ махсусан дар Аврупо, Русия, Ҳинду Чин ва роҳҳои транзитии он эҳсос мешавад, ки Тоҷикистон яке аз ин роҳҳост. Антонио Марио Коста – мудири иҷроияи Муассисаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва қочоқи маводи мухаддири Созмони Милал, ҳушдор додааст, “тӯфони афюн, ҷинояткорӣ ва шӯришиён, ки тайи солҳо дар марзи Афғонистон Покистон мечархид, ҳоло ба самти Осиёи Марказӣ ҳаракат дорад.” Дар кишварҳои аъзои НАТО солона 10 ҳазор нафар бар асари истеъмоли барзиёди ҳероин, мефавтанд, ки назар ба талафоти ҳаштсолаи сарбозони НАТО дар Афғонистон панҷ маротиба бештар аст.
XS
SM
MD
LG