Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 медали паҳлавонони тоҷик дар Булғористон


Паҳлавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонӣ байни ҷавонону наврасон дар Булғористон 2 медали тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт:
«Мусобиқаи ҷаҳонии навҷавонон бо ширкати беш аз 300 варзишгар аз 25 кишвар дар шаҳри Самокови Булғористон тӯли се рӯз идома кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 нафар шомил буданд. Ду нафари онҳо - Акмолиддин Каримов, дар вазни 52 кг ва Лутфулло Розиқов дар вазни 57 кг - байни ҷавонони 19-20-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Сайёд Шайхов дар сабқати наврасони 17-18-сола дар вазни 70 кг ҷои дуввумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Се нафари дигар – Хушбахт Назаров дар вазни 62 кг, Рашид Раҳимов дар вазни 74 кг ва Нурулло Неъматов дар вазни 100 кг - байни ҷавонон ҷойҳои севумро гирифта, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд. Инчунин Комроншоҳи Устопириён дар вазни 81 кг байни наврасон медали биринҷӣ ба даст овард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмашариф Сулаймонов дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия, Қазоқистон ва Гурҷистон дар ҷои чаҳорум қарор гирифт».

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ паҳлавонони ҷавони тоҷик барои аввалин бор дар сабқати ҷаҳонӣ ду медали тилло ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG