Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили зист бар ивази қарз


Ба даҳҳо хонавода дар Бадахшон, ки аз бонкҳои маҳаллӣ қарздоранд, хавфи маҳрум мондан аз манзили зист таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи раиси додгоҳи Хоруғ Чоршанбе Соқиев, танҳо дар Хоруғ нисбати қариб 20 нафар шаҳрванд, ки аз бонкҳо қарз гирифта, манзилҳои истиқоматиашонро ба гарав гузоштаанд, дар мавриди ба фоидаи бонк мусодира гардидани амволи ғайриманқулашон ҳукми додгоҳ содир гардидааст.

Аммо ба гуфтаи сардори бахши Бонки миллӣ дар Хоруғ Насриддин Насриддинов, то ба ҳол касе аз манзилаш берун нашуда, бонкҳо ҳаддалимкон кӯшиш мекунанд, имконоти бештареро барои баргардонии қарз дар ихтиёри қарздорон гузоранд.

Дар ҳамин ҳол журналист Гуляманӣ Алиёр изҳори нигаронӣ мекунад, ки бонкҳо манзили истиқоматии гаравро бо нархи ночиз аз қарздорон мегиранд. Вай баён дошт, «хонаи меросӣ, ки бародарамон дар он ҷо зиндагӣ мекунад ва дар назди бонк қарздор шудааст, 40 ҳазор доллар нарх дорад, аммо бонк хонаро камтар аз 10 ҳазор доллар нархгузорӣ намудааст».

Дар бархе аз мавридҳо ҳамчунин бархе аз аъзои хонавода изҳори норизоият мекунанд, ки ҳангоми ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои гарав ризоияташонро напурсидаанд. Аммо дар идораи нотариалии Хоруғ ин иддаоро бепоя хонданд.

Аммо муовини сардори «Амонатбонк» Бахтиёр Сафаров мегӯяд, бонкҳо бар ивази қарз фақат амволи ғайриманқулро гарав мегиранд ва нархи он на бо роҳи зурӣ, балки бо ризоияти шахси қарзгир ва бо назардошт беқурбшавии пул муайян мешавад.

Ба гуфтаи сардори «Содиротбонк» Улуғбек Отамбеков, бӯҳрони молиявӣ бештар аз ҳама ба бонкҳо ва соҳибкорон таъсир расондаааст. Вай гуфт, ки афзоиши қарздорӣ нобоварии дутарафа ба вуҷуд оварда, алҳол на фақат мизоҷон аз қарз гирифтан, балки бонкҳо низ аз қарз додан ҳарос доранд.

Қарзҳои бонкӣ дар 9 моҳи соли равон қариб ду маротиба коҳиш ёфта, 39 миллионро ташкил додаанд. Ҳамчунин дар ин давра аз муҳоҷирини меҳнатӣ 8 миллион доллар ба Бадахшон ворид гардидааст. Ба гуфтаи Сифо Алибахшов, як соҳибкор аз Хоруғ, вай зиёда аз 10 сол бо бонкҳо муносибатҳои пулӣ анҷом дода ва бо бонкҳо мушкилоте надоштааст, аммо ахиран таъсири бӯҳрони молиявӣ ва коҳиши қобилияти харидории мардум муфлис шудааст ва акнун ӯ дар назди бонк қарздор аст.

Бархе аз соҳибкорон мегӯянд, дар шароити бекорӣ ягона роҳи наҷотро дар фаъолияти тиҷоратӣ мебинанд ва ба ин манзур манзилҳояшонро ба гарав гузоштаанд. Аммо онҳо интизор набудаанд, ки ба хатари маҳрум мондан аз манзил рӯбарӯ мешаванд.

Аммо ба фикри таҳлилгари умури бонки Масрур Мамадназарбеков, бархе аз қарздорон воқеан ба умеди беҳтаршавии рӯзгор ва тиҷорат қарз гирифта, бо таъсири бӯҳрони молӣ муфлис шудаанд. Вай баён дошт, ки аммо дар бештари маворид қарздори дар ҳолатҳое ба вуҷуд омадааст, ки қарзхоҳон онро ба ғайримақсаднок ва барои ҳадафҳои маишӣ сарф намуда, худро ба ботлоқи қарз тела доданд.

Ба иттилои расмӣ ахиран дар Бадахшон ҳаҷми қарзҳои аз мӯҳлат гузашта аз 13 миллион убур кардааст. Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи қарздорон, аз ҷониби додситонӣ низ фишор афзоиш ёфта, онҳо рӯзҳои пуртаҳлукаро ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG