Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони олам аз мавқеи Карзай ситоиш карданд


Раҳбарони кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ аз тасмими Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар марвриди қабули даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи 7 ноябр хуш истиқбол карданд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун Карзайро барои ин тасмимаш ситоиш кард, вале гуфт, ки даври навбатии раъйдиҳӣ “як чолиш” аст. Вай гуфт, ки пуштибонии ҳамаҷонибаи Карзай аз натиҷагирии Комиссиюни шикоятҳои интихоботии СММ аз он шаҳодат медиҳад, ки президенти Афғонистон ба сарқонун ва ҷараёнҳои демократии кишвараш эътимод дорад. Бан кӯмаки фаннии СММ-ро барои баргузории интихобот ваъда дод. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бо истиқбол аз изҳороти Карзай гуфт, ки ин як иқдоми муҳим дар самти демократияи Афғонистон аст. Бо ин вуҷуд, Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед имрӯз гуфт, ки ҳанӯз маълум нест оё Обама дар кадом фурсат ният дорад стратегияи нави худ дар Афғонистонро эълон кунад. Дар вокуниши худ раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ Карзайро барои мувофиқаташ ба даври дуюми интихобот ба ҳайси як сиёсатмадори воқеӣ ситоиш кард. Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Олмон иқдоми Карзай истиқбол шуда аз ҷонибҳои масъул даъват мешавад, ки дар даври дуюми раъйдиҳӣ “масъулият, оромӣ ва эътидол”-ро ба намоиш гузоранд.
XS
SM
MD
LG