Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санади нави ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Маскав


Даҳумин нишасти Комиссиюни байнидавлатии муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе бо имзои як санади ҳамкорӣ ба поён расид.

Ин санади ҳамкориро Асадулло Ғуломов - муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон ва Сергей Шматко - вазири энержии Русия имзо карданд. Шматко қабл аз зӯҳри сешанбе ба манзури ширкат дар ин ҷаласа ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар шуд.

Он гуна, ки масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҷаласа 16 масъалаи марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Русия баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи ин масъулон, ҷонибҳо дар беш аз 90 дарсади ин масоил ба тавофуқ расидаанд.

Ба хусус суръат бахшидани корҳои азхудкунии захоири ҷаҳор маъдани нафту газ ва сохтмони се нерӯгоҳи барқи обӣ дар қаламрави Тоҷикистон тавассути ширкатҳои Русия аз тавофуқоти ҷаласаи Комиссиюни муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар унвон мешавад.

Сӯҳроб Одинаев, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, низ аҳамияти ин ҷаласаро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Русия муҳим талаққӣ кард ва гуфт, «ин протокол самтҳои нави ҳамкориҳоро бо Русия, пеш аз ҳама дар соҳаи нафту газ, муайян мекунад».

ИХТИЛОФИ НАЗАРҲО САРИ НАРХИ БАРҚИ «САНГТӮДА-1»

Бо ин ҳам манобеи Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон мегӯянд, ҷонибҳо бар сари истифодаи муштараки нерӯи тавлиди нерӯгоҳи барқӣ-обии «Сангтӯда -1» ва қиммати фурӯши он ба тавофуқ нарасидаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Русия ҳамчунон хоҳони пардохти 3, 1 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловатт-соати нерӯи тавлиди ин нерӯгоҳ аст.

Аммо ҷониби Тоҷикистон тақозои онро дорад, ки нархи ҳар як киловатт-соати нерӯи тавлидии ин нерӯгоҳ 1,7 сенти амрикоиро ташкил бидиҳад ва барои ниёзи дохилии кишвар низ истифода шавад.

Ин дар ҳолест, ки пас аз сафари кории Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ба Тоҷикистон дар тобистони соли ҷорӣ эълон шуда буд, ки ҳар ду кишвар сари пардохти қиммати нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ ба тавофуқ расидаанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани се агрегати нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар соли гузашта, нерӯи барқи тавлиди ин нерӯгоҳ ба ширкати «Барқи Тоҷик» бо қиммати 3, 1 сенти амрикоӣ фурӯхта мешавад ва чунин вазъ ба он оварда расонд, ки дар натиҷа ин ширкат маблағи ҳудуди 20 миллион доллар қарздор гардид.

Русия дар муддати ҷаҳор соли ахир барои эҳдоси нерӯгоҳи «Сангтӯда–1» дар ҷануби Тоҷикистон маблағи ҳудуди 600 миллион доллари амрикоӣ ҳазина кардааст.

2 МИЛЛИАРД ВАЪДАИ ДЕРДАВОМИ МАСКАВ

Ҳарчанд дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури вақти Русия, ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2004 ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорӣ барои иҷрои тарҳҳои муҳими стратегӣ дар иқтисоди Тоҷикистон, ба хусус дар арсаи энержӣ шуда буд.

Суоли матраҳ низ ин аст, ки то чи ҳад ваъдаҳои ҷониби Русия дар ҷиҳати иҷрои тарҳҳои энержӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Муҳаммадшариф Ҳақдодов, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар посухи ин суол гуфт, «ба ғайр аз нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда -1» дигар лоиҳае дар арсаи энержӣ амалӣ нашудааст. Шояд бӯҳрони моли ҷаҳонӣ имкон надод, то Русия лоиҳаҳоеро дар бахши энержӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди иҷро бигзорад. Аммо умедворем, лоиҳаҳои энержӣ ҳатман бо кумаки Русия иҷро хоҳад шуд».

Ҳамакнун ҷаласаи даҳуми Комиссиюни муштараки байни давалатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе ҳоле сурат гирифт, ки қарор аст, фардо сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Маскав оғоз шавад.

ҲАМКОРИҲОИ РӮ БА КОҲИШ

Сергей Шматко, вазири энержии Русия, шоми имрӯз бо президент Раҳмон низ дидору гуфтугӯ кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар канори густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Русия, барномаи сафари давлатии Раҳмон ба Маскав аз мавзуоти меҳварӣ дар ин мулоқот будааст.

Бо он ки мақомоти Тоҷикистон ва Русия аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ба хусус мубодилаи коло миёни ду кишвар ибрози ризоят мекунанд, аммо мегӯянд, то ҳол зарфиятҳо ва имконоти ду кишвар ба таври муассир мавриди истифода қарор нагирифтааст. Ҳатто гузориши ҳаҷми табодули коло миёни ду кишвар дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ собит мекунад, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишвар рӯ ба коҳиш рафтааст.

Зеро тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилаи коло дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ маблағи беш аз 621 миллион доллари амрикоиро ташкил додаст. Ин дар ҳолест, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 864 миллион доллари амрикоӣ будааст.

XS
SM
MD
LG