Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот эълон мешавад


Сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботҳо Нурмуҳаммад Нур гуфт, ки ин ниҳод дар давоми рӯз бояд натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Афғонистонро эълон кунад.

Дирӯз Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ, ки бо пуштибонии СММ амал мекунад, дар бораи вуҷуди тақаллуби фаровон ва бекор дониста шудани баргаҳои 210 ҳавзаи интихоботӣ ҳангоми раъйгирии рӯзи 20-уми август хабар дод. Вале бо ин вуҷуд, комиссия натиҷаҳои таҳриршудаи ниҳоии гузоришро нашр накард.

Дар ҳамин ҳол, як созмони амрикоии мавсум ба “Демократияи байналмилалӣ” мегӯяд, ки Карзай дар ин интихобот камтар аз 50 дарсади раъйҳоро бурда, бояд ҳатман аз даври дуюми интихобот гузарад. Бар тибқи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ки қаблан эълон шуда буд, Ҳомиди Карзай 55 дарсади овозҳо ва рақиби аслии вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ 28 фоизро дар интихобот ба худ ихтисос додаанд.

Қаблан, Ҳомиди Карзай баргузории даври дуюми интихоботро рад карда, далели инро дар пирӯзии худ дар даври аввали раъйдиҳӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико, гуфт, ки интизор аст Ҳомиди Карзай “нияти худро барои посух додан” ба гузориши Комиссияи шикоятҳои интихоботӣ эълон кунад:
“Ман бисёр умедворам, ки дар рӯзҳои наздик бар тибқи муқаррароти конститутсия як тасмими қавиро шоҳид хоҳем шуд, вале ман ба ҳеҷ сурат намехоҳам ба суханронии президент Карзай пешдастӣ кунам, ки cамтгириҳои моро дар марҳилаи баъдӣ бояд мушаххас кунад”.

Иттиҳомоти марбут ба тақаллуб дар интихобот боиси афзоиши таниш дар равобити Карзай ва ҳукуматҳои ғарбӣ шуд, ки сарбозони кишварҳояшон дар Афғонистон зидди Толибон мубориза мебаранд. Иттиҳомоти мазкур ҳамчунин масъалаи сафарбаркунии нирӯҳои бештарро ба Афғонистон зери суол мебарад, ки ҳоло аз ҷониби Амрико ва бархе дигар давлатҳо дар ҳоли баррасӣ шудан мебошад.
XS
SM
MD
LG