Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти камранги созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ


Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, ки алорағми фаъолияти беш аз 15-солаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон, ҳамоно кори ин ташкилот дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамаҷонибаи инсон назаррас нест.

Фаррухшоҳ Ҷунайдов, ҳуқуқшиноси мустақил, мегӯяд, дар Тоҷикистон фаъолияти аксари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон тавсеа наёфта, нақши онҳо дар ин самт камранг ба назар мерасад. Вай мегӯяд, мушкилот дар набуди донишу таҷрибаи кофӣ ва ҷасорати кормандони ин созмонҳост, ки дар роҳи дифоъи ҳуқуқи корафтодаҳо бо садои баланд амал намекунанд. Фаррухшоҳ Ҷунайдов афзуд, бархе аз ин созмонҳо фаъолияти худро танҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаву ҳадафҳои созмонҳои маблағгузор маҳдуд мекунанд:
«Дар масъалаи гирифтани бурсҳо гӯё фаъолтаранд, дар мавриди иҷрои он нақшаҳое ки дар пеш гузоштанд, камтар саҳлангорӣ мекунанд. Аммо баъзеашон ҳаст, ки фаъолияти худро пайгирона пеш мебаранд, бархи дигар танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ кор мекунанд.»

Сергей Романов, ҳуқуқшиноси созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ба ин ақида розӣ нест. Вай бо таассуф гуфт, дар Тоҷикистон шумори созмонҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо махсусан ба самти ҳимояи ҳуқуқи инсон нигаронида шуда бошад, кам аст ва барои ҳамин кори ҳамтоёнашон дар муқобили мушкилоти афзуни ҷомеаи кишвар дар бисёр маворид гӯё ба чашм наменамояд. Ӯ афзуд, вале созмони онҳо бо талошу муборизаҳои зиёд тавонистааст дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳуҷраҳои боварие таъсис диҳад, ки ба сокинон маълумоту дарсҳои ҳуқуқӣ медиҳаду, дар мурофиаҳои додгоҳӣ кӯмакҳои мухталифро фароҳам меоварад. Оқои Романов афзуд, вакилони дифоъ ва ҳуқуқшиносони касбие, ки бо созмони онҳо ҳамкорӣ мекунанд, талош доранд, то халои мавҷударо дар заминаи камбуди ҳимоягарони хусусӣ пур кунанд. Вай мегӯяд, дар ҳоле ки ҳукумат ба ҳимоятгарони давлатӣ ҳаққи хизмати кофӣ намедиҳад, ҳимоятгарони созмонҳои ҷамъиятӣ ин вазифаро иҷро мекунанд, тавре дар ҷаҳони мутамаддин ба роҳ монда шудааст.

Зулфиқор Замонов, ҳуқуқшиноси дигари ин созмон, гуфт, ба он ақида розӣ нест, ки ба ҳимояи ҳуқуқи инсон бояд асосан созмонҳои ҷамъиятӣ машғул бошанд, чун ин вазифаи аслии давлат аст ва бо кадом воситае, ки набошад, инро бояд таъмин созад. Зулфиқор Замонов гуфт, ҳисоботҳои бетарафонаи ин гуна созмонҳо барои ҳалли бисёр мушкилоти ҳуқуқии кишвар мусоидат мекунад, чун Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи риояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш ҳисобот медиҳад.
«Ҳисоботи мо на ҳамеша бо он чизе, ки ҳукумат менависад, мувофиқат мекунад. Мо манзараеро нишон медиҳем, ки шояд сарфи назар шудааст ва ба ин мушкил таваҷҷуҳи масъулин ва СММ-ро ҷалб мекунем. Баъдан, ҳомиёни ҳуқуқи инсони СММ барои бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда бо масъулини мақомоти зиддахли давлат мулоқот намуда, ин мушкилотро масъалагузорӣ мекунанд. Ҳамчунин, созмони мо дар навиштани шикоятҳои алоҳида ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ кӯмак мекунад. Чунин аризаҳоро мо ирсол кардаем».

Дар ҳисоботи ахири созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон омада буд, ки шикоятҳои аслии сокинони Душанбе ва бархе навоҳии дигари кишвар дар ду соли ахир марбут ба генплан ва аз манзилҳои шахсӣ кӯчонидани мардум будааст. Баъзе аз соҳибони манзилҳое, ки тахриб шуданд, барои ҳимоя ба ин созмон муроҷиат кардаанд. Сергей Романов мегӯяд, дар масъалаи кӯчонидани сокинони маҳаллаи Биниҳисораки шаҳри Душанбе онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ расонида, кӯшиш доранд, ки ҷуброни моддӣ ба зарардидагон мувофиқ ба талафоташон расонида шавад:
«Ҳимоятгари мо Абдураҳмон Шарипов намояндаи ин чордаҳ оила аст. Мо бояд ба Додгоҳи олӣ аризаи шикоятӣ нависем, зеро ҷуброни зарар хеле кам аст. Ҳукумат ба ин хонаводаҳо манзил надодааст».

Коршиносон мегӯянд, мутаассифона, низоми додгустарии Тоҷикистон, ки бисёриҳо онро номустақил мегӯянд, ҳанӯз дар пояе қарор дорад, ки ба фаъолияти вакилони инфиродӣ ва мустақил шароити кам фароҳам оварда мешавад. Ба ақидаи коршиносон, ҳанӯз ин гуна зеҳният аз замони Шӯравӣ ҳифз шудааст, ки ҳарфи нафари масъули давлат ҷиддӣ ва қонун асту, интиқодҳои намояндаи ҷомеа чизест ғайризарурӣ.

Фаррухшоҳ Ҷунайдов гуфт, аз ин хотир, ҳанӯз ҳам намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷидди қабул намешаванду, андешаҳои онҳо гоҳо ношунида мемонад:
«Дар баъзе мавридҳо созмонҳое ҳастанд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба назар гирифта мешаванд, аммо чунин созмонҳо ангуштшуморанд».

Дар ин замина, Зулфиқор Замонов меафзояд, нодида гирифтани мушкилоти ҷомеа ва нашунидани садои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ танҳо айби онҳо нест, балки бетаваҷҷӯҳии ҷомеъа ва ВАО-и кишвар ҳам ҳаст, ки ҳалли мушкилотро то ба охир назорат накарда, баъд аз муддати ҳангомаву воҳима, онро ба гӯшаи фаромӯшӣ мепартоянд. Ҳамзамон, гуфт ӯ, низоми заъифи Омбудсмен дар кишвар, ки тоза таъсис шудааст, феълан, барои барқарор сохтани адолати додгоҳӣ мушкил эҷод мекунад. Ӯ мегӯяд, ба андешаи вай, ҳамкории зичи давлат бо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ фаъолияти онҳоро метавонад пуррангтар карда, мавҷудияти ҳар ду низомро муваффақтар ба роҳ монад.
XS
SM
MD
LG