Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба Тоҷикистон ташаккур гуфт


Фаронса то замони маҳви решаҳои терроризм ва истиқрори сулҳу оромӣ дар Афғонистон сарбозони худро аз ин кишвар берун нахоҳад кард.

Терри Мариани, намояндаи хоси раисҷумҳури Фаронса дар умури Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар Душанбе, изҳор дошт, Фаронса аз кишварҳои умдаи узви Эътилофи байнулмилалии мубориза бо терроризм ва тундгароии мазҳабӣ дар Афғонистон аст ва пас кашидани нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон даступои террористон дар ин Афғонистонро дубора боз хоҳад кард.

Намояндаи раисҷумҳури Фаронса дар умури ОМ ва Афғонистон гуфт, дар ҳоле ки амният дар Афғонистон таъмин нашудааст, нерӯҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла сарбозони Фаронсаро зарур аст, ки дар канори давлати Афғонистон барои истиқрори субот ва оромӣ дар ин кишвар ҳузур дошта бошад. Ба гуфтаи намояндаи вижаи раисҷумҳури Фаронса, аммо, дар ҳоли ҳозир, ду масъала - яке натоиҷи интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва дигар мавқеъ ва музокироти номзадҳои аслии ин интихобот барои дастёбӣ ба оромии Афғонистон муҳим мебошад.

Намояндаи хоси раёсати ҷумҳурии Фаронса аз вогузории фурудгоҳи Душанбе ва ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ба неруҳои низомии Фаронса ҷиҳати кӯмакҳои изофӣ ба сарбозонаш дар Афғонистон дар чаҳорчӯби Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ дар ин кишвар ба давлати Тоҷикистон изҳори сипос кард. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир бархе аз барномаҳои арсаи энержии давлати Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҷониби Фаронса қарор дорад, аммо то кунун дар мавриди сармоягузорӣ ба ин тарҳҳо маслиҳат нашудааст.

Зимнан, Фаронса танҳо кишвари ғарбӣ ва узви Паймони Атлантики Шимолист, ки куллия барномаҳои кӯмак ва ҳамкории худ дар чаҳорчӯби Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистонро тавассути қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунад. Дар фурудгоҳи Душанбе ҳудуди чаҳорсад афсар ва сарбози ин кишвар ва низ чанд адад аз ҳавопаймоҳои низомии борбари Фаронса мустақар мебошанд. Давлати Фаронса тармим ва бозсозии фурудгоҳи Душанберо ба маблағи 25 миллион евро бар ӯҳда гирифтааст. Интизор меравад, корҳои сохтмонӣ дар ин фурудгоҳ авохири соли 2011 ба поён расад.
XS
SM
MD
LG