Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргҳои раъи 210 ҳавзаи интихоботӣ бекор шуд


Баъди таҳқиқи шикоятҳои марбут ба тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон тибқи гузоришҳо садҳо варақаҳои раъйдиҳӣ, ки ба фоидаи Ҳомиди Карзай ҳисоб шудааст, бекор мешавад. Комиссиюни шикоятҳои интихоботӣ, ки бо пуштибонии СММ амал мекунад, имрӯз гузориши худро дар заминаи иттиҳомоти тақаллуб ҳангоми раъйдиҳӣ нашр карда гуфт, ки баъди ду моҳи таҳқиқот варақаҳои раъйдиҳии 210 ҳавзаи раъйдиҳӣ бекор ҳисобида мешавад. Ин заминаи баргузории даври дуюми интихоботро дар миёни Ҳомиди Карзай ва рақиби аслии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ фароҳам меорад. Комиссиюн имрӯз гуфт, ки шаҳодати “воқеӣ ва қобили эътимоди тақаллуб дар ҳавзаҳои раъйдиҳии саросари кишвар” дар ин замина гузориш медиҳад.
XS
SM
MD
LG