Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ миёни занҳо афзоиш ёфтааст


Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 234 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шудааст ва ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳолат зиёд шудааст.

Хонум Юсуфӣ ҳамчунин гуфт, аз се як ҳиссаи занони кишвар дар зиндагии ҳаррӯзаашон мавриди хушунат қарор мегиранд. Ва маъмулан занҳо бо назардошти он ки дар фазои ҷомеаи суннати мардсолорӣ тарбия ёфтаанд ва дар сурати ошкор кардани ҳодисаҳои лату кӯб, озор ва дигар ҳолатҳои зӯроварӣ, гӯё шинохта мешаванд, бештари ҳолат хомӯширо ихтиёр мекунанд. Ва ин ҳолат боиси он мегардад, ки омори воқеии занони мавриди хушунат қароргирифта мушаххас нагардад.

Ҳамчунин, давоми ин муддат омори занҳое, ки барои кӯмак ба Марказҳои бӯҳронӣ муроҷиат кардаанд ва феълан дар марказҳои паноҳгоҳи муваққатӣ ба сар мебаранд, 1800 нафар будаанд.
XS
SM
MD
LG