Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса то маҳви пурраи терроризм дар Афғонистон мемонад


Фаронса то замони маҳви решаҳои терроризм ва истиқрори сулҳу оромӣ дар Афғонистон сарбозони худро аз ин кишвар берун нахоҳад кард. Тйерри Мариани, намояндаи хоси раиси ҷумҳурии Фаронса дар умури Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе изҳор дошт, Фаронса аз кишварҳои аслии узви эътилофи байналмилалии мубориза бо терроризм аст ва пас аз берункашии нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон даступойи террористон дубора боз хоҳад шуд. Намояндаи раиси ҷумҳурии Фаронса гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ду масъала яке натоиҷи интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва дигаре мавқеъ ва музокироти номзадҳои аслии ин интихобот барои дастёбӣ ба оромии Афғонистон муҳим мебошад.
XS
SM
MD
LG