Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Эрон дар пойтахти Австрия


Эронро ба талошҳо барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам мекунанд
Эронро ба талошҳо барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам мекунанд

Рӯзи 19-уми октябр гуфтугӯҳои Эрону ИМА, Русия, Фаронса ва Оҷонсии энержии атомии СММ атрофи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Теҳрон ва фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми он дар Вена, пойтахти Австрия идома кард.

Дар даври аввали ин гуфтугӯҳои мустақим, ки рӯзи 1-уми октябр дар Женева баргузор шуд, қудратҳои ҷаҳонӣ пешниҳод карданд, ки Эрон бояд барои рафъи ҳама нигарониҳо уранро ба хориҷа барои ғанисозӣ фиристад. Вале тафсилоти амалисозии ин барнома бояд дар нишасти имрӯза баррасӣ шавад.

Кишварҳои хориҷӣ мутмаин ҳастанд, ки ба роҳ мондани ғанисозии ураниум дар хориҷ аз қаламрави Эрон фаъолиятҳои ҳастаии ин кишварро шаффофтар мекунад ва нафси Ҷумҳурии Исломиро барои ба роҳ мондани ин гуна корҳо дар дохили кишвар камтар хоҳад кард. Пешниҳоди мазкур ғанисозии миқдори муайяни ураниумро фақат то андозаи кофӣ барои фаъолияти реактори таҳқиқотӣ дар ҳудуди 20 дарсад барои таъмини маводи радиоактиви шифохонаҳои эронӣ дар назар мегирад. Тавлиди ураниум дар хориҷа истифодаи онро барои силоҳҳои ҳастаӣ номумкин мегардонад. Ғанисозии ураниум ба андозаи 20 дарсад ба маротиб камтар аз он 90 дарсадест, ки барои тавлиди бомбаи атомӣ зарур мебошад. Бояд гуфт, ки ҳанӯз чунин маълумоте дар даст нест, ки шаҳодати тавонмандии Эронро барои тавлиди cилоҳи атомӣ бидиҳад.

Сухангӯи созмони энержии атомии Эрон Алии Шерзодиён мегӯяд, агар гуфтугӯҳо бо қудратҳои ҷаҳонӣ ноком шавад, Ҷумҳурии Исломӣ фаъолиятҳояшро дар самти ғанисозии панҷдарсадаи ураниум идома дода талош хоҳад кард, ки ба дараҷаи 20-дарсадаи ғанисозӣ даст ёбад. Шерзодиён гуфт, поккории ураниум то дараҷаи 20-дарсадӣ барои Эрон аз лиҳози иқтисодӣ як кори сахт аст, вале Теҳрон ҳеҷ гоҳ аз ҳақи худ барои ғанисозӣ даст нахоҳад кашид.

Эҳтимол меравад, ки музокираҳои Венаро иттиҳомоти рӯзи якшанбе аз забони Эрон садодода оид ба ин ки дар таркиши пурхушунате дар вилояти Сиистону Балуҷистон эҳтимолан Бритониёву ИМА ҳам даст доштаанд, халалдор созад. Раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Покистонро барои паноҳ додан ба ҳамлагарон муттаҳам кард ва рӯзи душанбе раҳбари посдорони инқилоб генерал-майор Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ гуфт, ки Эрон аз Покистон талаб хоҳад кард, ки раҳбари гурӯҳи ҳамлагари суннимазҳабро ба Теҳрон таслим кунанд.
XS
SM
MD
LG