Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти нав дар ҳукумати Тоҷикистон


Вазорати тиҷорат ва рушди иқтисодӣ ва Вазорати нақлиёту мухобирот соҳиби вазирони нав гардиданд.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, Фаррух Ҳамралиев дар маснади вазири тиҷорат ва рушди иқтисодӣ Ғулом Бобозодаро иваз кард.

Ғулом Бобозода сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъин гардидааст.

Фаррух Ҳамралиев аз моҳи январи соли 2008 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ буд. Донишгоҳи олии фаннии Маскавро соли 1991 тамом карда, фаъолияти кории худро аз Кумитаи давлатии иқтисоди Тоҷикистон оғоз кардааст.

Ҳамакнун, дар мизи кории ӯ Давлаталӣ Саидов хоҳад нишаст, ки то имрӯз сафири Тоҷикистон дар Ҷопон буд.

Ҳамчунин, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон Олим Бобоев таъин шудааст. Олим Бобоев, ки дар собиқ ректори Донишгоҳи иқтисодӣ буд ва ҳамчунин вазифаи раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро бар дӯш дорад, дар вазифаи вазирӣ Абдураҳим Ашӯрро иваз кард.

Абдураҳим Ашӯр сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шудааст.Қозидавлат Қоимдодов, ки сафири Тоҷикистон дар Туркманистон буд, намояндаи доимӣ ва ваколатдори Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва дигар мақомоти ИДМ таин шуд. Қаблан, ин вазифа ва вазифаи сафири Тоҷикистон дар Белорус ва Лаҳистонро Амирхон Сафаров бар дӯш дошт.
XS
SM
MD
LG