Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои Қазоқистон анҷом шуд


Дар размоишгоҳи Матибулақи ҷануби Қазоқистон даври ниҳоии машқҳои нирӯҳои вокуниши сареъ дар чаҳорчӯби Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ анҷом ёфт. Рӯзи охири ин машқҳоро панҷ раиси ҷумҳурии кишварҳои узви ин созмон – раҳбарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия, Арманистон ва Қирғизистон назорат карданд. Раҳбарони Беларус ва Ӯзбакистон, дигар аъзои ин созмон, ки мухолифи шадиди ташкили ин нирӯҳо буданд, дар размоишгоҳ иштирок надоштанд.
Итар-Тасс мегӯяд, ки Нурсултон Назарбоев ба унвони раҳбари кишвари мизбон ҳама ширкатдорони машқҳоро ташаккур кард ва гуфт, ки тамринҳои низомӣ “бонизом ва аз рӯи нақша баргузор шуда ба ҳадафҳои дарпешгузоштааш даст ёфтааст”. Fergana.ru хабар медиҳад, ки ҳама президентҳо дар машқҳо бо сару либоси низомие ҳузур доштанд, ки қаблан бо пешниҳоди президенти Русия Дмитрий Медведев барои нирӯҳои вокуниши сареъ эҷод шуда буд.
Дар машқҳое, ки ду ҳафта идома дошт, ҳудудан ҳафт ҳазор нирӯ, 120 тонк, беш аз 200 адад зиреҳпӯш, 40 ҳавопаймову чархболҳо истифода шудааст.
XS
SM
MD
LG