Пайвандҳои дастрасӣ

"Амонатбонк" бо юан муомилот мекунад


Хабаргузории расмии “Ховар”, мегӯяд, "Амонатбонк" - бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон бо Бонки Рушди Чин созишномаи имзое кардааст, ки бар асоси он муомилот миёни ду тараф бо арзи чинӣ сурат мегирад. Ин созишнома дар ҷараёни сафари нахуствазири Тоҷикистон ба шаҳри Пекин имзо шудааст. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, истифодаи юани Чин дар муомилот ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, коҳиши қимматҳо, пешгирӣ аз калавишҳои қурби асъор мусоидат хоҳад кард. Муомилоти бонкҳои Тоҷикистон аксаран бо доллари амрикоӣ сурат мегирад, ки ҳоло арзиши он дар бозори асъор рӯ ба поёнравӣ дорад.

Видеоҳои охирин

Ёдбуди 50-солагии пахши "Баҳори Прага" дар назди сафорати Русия
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG