Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи кӯмакӣ барои Покистон тасвиб шуд


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, санадеро имзо кард, ки ихтисоси 7 миллиард доллар кӯмаки молӣ барои Покистонро дар панҷ соли оянда пешбинӣ мекунад. Бар асоси санади мазкур, солона Покистон ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоиаш аз Амрико якуним миллиард доллар кӯмаки молӣ дарёфт хоҳад кард. Ҳадаф аз ин барнома, тақвияти ҳукумати ғайринизомӣ дар Покистон ва мусоидат ба талошҳои он дар роҳи мубориза бо Толибон ва Алқоида будааст. Пеш аз имзои санад аз тарафи Барак Обама, конгресси Амрико ба ҳукумати Покистон итминони хотир додааст, ки бо ироаи ин кӯмакҳо, Амрико ба умури дохилии Покистон дахолат намекунад.
XS
SM
MD
LG