Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди маҷрӯҳони таркиши Кишинёв беш аз 40 тан аст


Тибқи иттилоъи ахир, бар асари таркиш дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова, беш аз 40 нафар ҷарҳоат бардоштаанд. 37 нафари онҳо ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ба иттилоъи табибон, бештари маҷрӯҳон ҷавононанд, вазъи чаҳор нафари онҳо нисбатан сангинтар аст. Виктор Катан, вазири умури дохилаи Молдова имрӯз хабар дод, ки дар майдони марказии пойтахт норинҷак инфиҷор кардааст ва аз ин рӯ ӯ эҳтимоли ҳамлаи террористиро баъйид намедонад. Таркиш дар маркази Кишинев шоми чаҳоршанбе дар ҳоле рух дод, ки даҳҳо ҳазор нафар дар консерти идона бахшида ба Рӯзи шаҳр ҷамъ омада буданд.
XS
SM
MD
LG