Ин иттилоъро хадамоти марзбонии қирғиз таъйид намуд. Ҷавдор Исоқулов, афсари ин ниҳод, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ, гуфт, ин ҳодиса дар минтақаи қисми марзбонии «Куктош»-и вилояти Ботканд рух додааст.
Бар асоси суханони Ҷавдор Исоқулов, гурӯҳи мусаллаҳ аз қаламрави Тоҷикистон вориди марзи Қирғизистон шудааст. Вай афзуд, тахмин меравад, ки ин гурӯҳи мусаллаҳ ба аъзои гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили тоҷик тааллуқ дорад, ки мехостаанд аз таъқиби хадамоти интизомии Тоҷикистон дар марзи Қирғизистон наҷот ёбанд.
Ба гуфтаи Ҷавдор Исоқулов, теъдоди вайронкунандагони марз дар ҳудуди ҳашт нафарро ташкил додааст. Ин афсари хадамоти марзбонии қирғиз афзуд, аъзои гурӯҳ баъди вуруд ба хоки кишвараш ба амри марзбонони қисми марзбонии Ботканд итоат накардаанд ва аз силоҳ сӯи онҳо оташ кушодаанд. Ба таъкиди оқои Исоқулов, то расидани гурӯҳи иловагии марзбонон афроди мусаллаҳ ба самте нопадид шудаанд. Вай гуфт, вале ҷои шубҳа нест, ки онҳо марзи Қирғизистонро тарк накардаанд.
Ҷавдор Исоқулов мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол, як гурӯҳи махсуси қисми марзбонии Ботканд амалиёти ҷустӯҷӯи ин афроди мусаллаҳро идома медиҳад.
Ба гуфтаи ин афсари хадамоти марзбонӣ, хушбахтона, бар асари муқовимати мусаллаҳона ягон марзбон зазар надидааст.
Тибқи охирин хабари хадамоти марзбонии қирғиз, дар минтақаи Кочоқорин, ки дар наздикии деҳаи Куктош воқеъ аст, гурӯҳи кашфи силоҳбадастон норинҷаки дастӣ ва чаҳор борхалта пайдо кардаанд. Силоҳбадастон аз таъқиби марзбонони қирғиз саросема шудаанд ва аз баҳри норинҷак ва борхалтаҳои худ баромада, ба самте фирор кардаанд.