Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон Тоҷикистонро "камбизоат" карданд


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ назар ба соли гузашта тақрибан 50 дар сад коҳиш ёфтааст. Кумитаи давлатии омор эълом кард, ки тайи нӯҳ моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирон бештар аз 1 миллиарду 300 миллион доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2008 1 миллиарду 400 миллион доллар камтар аст. Коҳиши кӯмакпулиҳои муҳоҷирон, ки иқтисоди Тоҷикистон ба шарофати онҳо рушд кардааст, соли равон ҳукуматро маҷбур кард, то нишондодҳои иқтисодиро дигар ва хароҷоти буҷаро камтар кунад. Коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷирон, ки аксарияташон дар Русия кор мекунанд, зиндагии хонаводаҳои зиёде дар Тоҷикистонро сахттар кардааст, ки дастнигари наздикони муҳоҷири худ мебошанд.
XS
SM
MD
LG