Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Русия ба поён мерасад


Бо боздид аз Тотористон-ҷумҳурии аслан мусулмоннишин хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико боздиди дурӯзаи худ аз Русияро ба поён мебарад. Вай дар Қазон-маркази ин ҷумҳурӣ, ки худро намунаи комёби равбити нарми миёни мазҳабҳо дар Русия медонад, ба суолҳои ҳозирин посух дод. Қаблан хонум Клинтон дар донишгоҳи Маскав гуфт, шукуфоии кишварашон ба омодагии он дар таъмини озодиҳо иртибот дорад:

"Ҳар қадр, ки Русия боз бошад, ҳамон қадар саҳми Русия бештар мешавад. Ҳар қадр, ки шумо низоми сиёсии фаъол дошта бошед, ҳамон қадр истеъдодҳо ва ақидаи ҳар шахс ба берун роҳ меёбад ва посухҳои беҳтаре ба даст меояд, роҷеъ ба мушкилоте, ки мо ҳама ба он рӯ ба рӯ ҳастем".

Рӯзи сешанбе Ҳилларӣ Клинтон масоили байналмиллалиро бо раҳбарони олимақоми Русия баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG