Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбарони ширкати заргарии Қирғизистон


Собиқ мудири ширкати қирғизии «Олтин» Элтуғош Ҷабборов 13-уми октябр дар Маскав бо дастури хадамоти федеролии амнияти Русия ҳабс шуд.

Гуфта мешавад, ки асноди ба додгоҳ фиристодаи ширкати «Олтин» мӯҳри «махфӣ» дошт ва ба ин далел масъалаи боздошти мудири собиқи он пушти дарҳои баста сурат гирифт. Тибқи хабарҳо, чанд рӯзи пеш раҳбарону менеҷерҳои ширкати «Олтин» дар Маскав боздошт ва мақозаҳои марбути он мӯҳрбандӣ шудаанд.

Дар миёни афроди боздоштшуда ноиби раиси ширкати «Олтин» Антонина Бабосюк, раҳбари ин ширкат дар Санкт-Петербург Владимир Фенков, раиси мағозаҳои ширкат дар Маскав Валентина Шадрина ва ширкати «Тиён-Шон» Владимир Сухоев шомиланд.

Ба иттилои кормандони хадамоти интизомии Русия, яке аз кормандони ширкати «Олтин» аз роҳи қочоқ ба ин кишвар 60 кило маҳсулоти заргарӣ ворид кардааст ва ба тафтиши фаъолияти ин ширкат дар Русия сабаб шудааст.

Дар ҳамин ҳол матбуоти қазоқ иттилоъ пахш кардаанд, ки раҳбари ширкати қирғизии «Олтин» дар Қазоқистон нопадид шудааст. Гуфта мешавад, бо вуҷуди ин сарусадоҳо ва боздоштҳои мақомоти раҳбарии ширкати «Олтин» мағозаҳои он дар саросари Қирғизистон фаъоланд ва корхонаи заргарии он бо 400 нафар аз фаъолият бознамондааст.

Вале намояндагони ширкати «Олтин» дар Қирғизистон аз таҳаввулоте, ки ба ин ширкат марбут аст, ибрози бехабарӣ ва аз вокуниш ба он низ худдорӣ варзиданд.

Қалийбек Сулаймонов, яке аз дастандаркорони ширкати саҳҳомии «Қирғизолтин», воқеъ дар шаҳри Бишкек, мегӯяд, ширкати «Олтин» берун аз Қирғизистон дар ҳудуди шӯравии собиқ ҳамчун ширкати маъруф пазируфта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкат маҳсулоти тавлиди ширкати «Қирғизолтин»-ро эътироф намекунад.

Вай меафзояд, ширкати «Олтин» корхонаи хусусии худро соҳиб аст ва барои корбаст тиллоро худаш мехарад. Ба шаҳодати Қалийбек Сулаймонов, ширкати мазбур маҳсулоти заргарӣ тавлид мекунад ва худаш онро ба фурӯш мерасонад, ки ҳам аз нигоҳи сифат хуб аст ва ҳам нархаш низ арзон мебошад.

Азимбек Бекназаров, собиқ додситони кулли Қирғизистон, мегӯяд, баъди инқилоби лолаии моҳи марти соли 2005 молу мулки марбути собиқ президент Оқоевро таҳқиқ кардааст ва итминон медиҳад, ки ширкати «Олтин» ба оилаи Аскар Оқоев тааллуқ дорад. Вай меафзояд, ки баъди тафтиши ширкати «Олтин» маълум шуд, ки он моли президент Оқоев будааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти додситонии кулли Қирғизистон, то ин замон Русия перомуни кумаки ин ниҳод дар таҳқиқи қазияи боздошти намояндагони ширкати «Олтин» ба ин ниҳод муроҷиат накардааст.

Ба ин тартиб ширкати «Олтин» баъди инқилоби моҳи марти соли 2005 ду карат мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Вале дар тафтиши аввал маълум шудааст, ки ширкати «Олтин» дар берун аз марзи Қирғизистон ягон намояндагӣ надошт.

Ин ширкат соли 1991 дар шаҳри Бишкек созмон ёфта ва дар ҳамин ҳол ҳазорҳо нафарро ба кор дар Қирғизистон, Русия, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ ба кор ҷалб кардааст. Ин ширкат дар Русия ва Қирғизистон ду корхонаи заргарӣ низ доштааст.
XS
SM
MD
LG