Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салоҳияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон густариш ёфт


Имрӯз Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон пешнависи қонун дар бораи иҷрои Кодекси ҷиноиро ба тасвиб расонд. Ин пешнависи қонунро раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасвиб ба порламон пешниҳод карда буд. Бахтиёр Худоёров-вазири адлия зимни муаррефии ин қонун дар порламон гуфт, дар давоми ду соли охир гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи намояндагони ҳукумат, порламон, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешнависи қонунро таҳия кардаанд ва тибқи он нақши додгоҳҳо барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванлдон боло бурда мешавад. Ин қонун акнун бо додгоҳҳо иҷоза медиҳад, ки боздошт, ҳабси хонагӣ, кофтуков, ҳабси дороӣ ва ҳабси ҳисобҳои бонкиро анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG