Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин хонаи миллиардерҳои ҷаҳон аст


Алорағми бӯҳрони молӣ шумори нафарони фавқулодда сарватманд дар Чин афзоиш ёфта ҳоло дар ин кишвар миллиардерҳои долларӣ назар ба ҳама дигар давлатҳои ҷаҳон бештар шудааст. Бар тибқи гузориши солонае, ки имрӯз чоп шуд, Чин соҳибии 130 миллиардери долларӣ будааст, ки аз феҳрасти 101-нафараи порсола ба маротиб бештар мебошад. Шумори чунин сарватмандон дар ИМА феълан 359, дар Русия – 32, дар Ҳинд – 24 нафар аст, мегӯяд маҷаллаи Forbes. Сарватмандтарин чиноӣ, ки дар садри ин феҳраст қарор дорад, дорандаи ширкати калонтарини мошинҳои электронӣ Ванг Чуанфу аст, ки дороиҳои хусусии вай 5,1 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
XS
SM
MD
LG