Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон шоҳиди хунрезии дигар шуд


Бино ба гузоришҳо, бар асари бомбгузории маргтабалона дар наздикии дараи ноороми Своти Покистон бештар аз 40 нафар ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи пулис, як маргталаб рӯзи душанбе ба корвони мошинҳои низомиёнро ҳангоми убураш аз бозори ноҳияи Шангла ҳамла кардааст. Миён Ифтихор Ҳусейн – як мақоми баландпояи дар Дараи Свот гуфт, бар асари инфиҷор 45 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд ва аксари қурбониён ҳам мардуми ғайринизомӣ будаанд. Покистон, ки набард ба зидди Толибону Ал-қоидаро шиддат бахшидааст, тайи чанд рӯзи ахир шоҳиди ҳамлаҳои хунине аз тарафи ин гурӯҳҳо шуд. Аз ҷумла гурӯҳи Толибон дирӯз масъулияти ҳамлаи ду рӯз пеш ба қароргоҳи артиши Покистонро бар дӯш гирифт, ки дар ҷараёни он ҳамла 19 нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG